Абармоҳ замони кӯтоҳеро меноманд, ки моҳвораи сайёраи мо ба Замин дар наздиктарин нуқта ҷойгир мешавад. Моҳ ин дар ин лаҳза рӯшантар тақрибан 15 дарсад наздиктар мешавад. Қайд мекунем, ки зимистони имсол мардуми сайёраи моро се абармоҳ интизор аст: яке аз онҳо аллакай шаби узашта буд, абармоҳи навбатиро пас аз Соли нав дидан мумкин аст, шаби 1 ба 2 январ ва абармоҳи охиринро аз 31 то 1 январ мушоҳида карда мумкин аст.
Аксҳои зебои абармоҳро дар гузориши Sputnik Қазоқистон тамошо кунед.

Абармоҳ мехоҳад дар бузургтарин карусели London Eye (Чашми Лондон) саворӣ кунад. London Eye дар ноҳияи Ламбет дар соҳили ҷанубии дарёи Темза ҷойгир шудааст.

2/10
© AFP 2023 / © AFP / PATRICK PLEUL
Абармоҳ роҳи "бобои барфӣ"-ро рӯшан мекунад. Ин акс дар олмон гирифта шудааст.

Вулқони Агунги Индонезия шабу рӯз дар ҷунбиш аст. Ин вулқон бо сӯзишу тобиш мардумро ба ташвиш овардааст, абармоҳ бошад вулқонро бо тобишаш месӯзонад.

4/10
© AP / JULIO CORTEZ
Моҳ мехоҳад бо тандиси Озодӣ, ки дар шаҳри Буффалои иёлоти Ню-Йорк ҷойгир шудааст, худро муқоиса кунад.

5/10
© AP / AUNG SHINE OO
Абармоҳи нилгуни пойтахти Миёнмор шаҳри Нейпидо.

Моҳи пура мехоҳад аз паси оташакҳои солинавӣ дар шаҳри Марсел ба ҷо шавад.

7/10
© AP / Aung Shine Oo
Абармоҳ роҳи чӯпонро бо говҳояш дар шаҳри Нейпидои Миёнмор рӯшан мекунад.

8/10
© AP / Julio Cortez
Абармоҳ дар паси бинои додгоҳи ноҳияи Эри дар шҳари Буфаллои иёлоти Ню-Йорк.

9/10
© AP / SUSAN WALSH
Абармоҳ дар наздикии пойгоҳи низомии нерӯҳои ҳавоии ИМА "Эндрюс" дар шаҳри Кэмп-Спрингси иёлоти Мэриленд.

10/10
© AFP 2023 / LOIC VENANCE
Абармоҳ дар наздикии Бен-де-Бретани Фаронса.