ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Агентиии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди ҶТ хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, ёрдамчии калони сардори шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии минтақаи Кўлоб Парвиз Ҳалимов аз шаҳрванд "А" барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар прокуратураи ҳарбии минтақаи Кўлоб озод намудан 6000 сомонӣ талаб намудааст.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабинихои опреативӣ-тафтишотӣ дар комиссариати ҳарбии минтақаи Кўлоб ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 6000 сомонӣ Парвиз Ҳалимов дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта шуд", — омадааст дар хабарнома.
Аз рӯи ин қазия нисбати Парвиз Ҳалимов бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.