ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз ҳаво дар кишвар абрноку нимаабрӣ ва сард мешавад.
Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абриву нимаабрӣ ва бебориш хоҳад буд. Ҳаво дар шарқи вилоят шабона 12 — 17 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа сард мешавад. Дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона 3 — 8 дараҷа ва рӯзона 2 — 7 дараҷа хунук мешавад. Шамол аз самти шарқ аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад.
Бино ба додаҳои ҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешбинӣ шуда дар баъзе минтақаҳо борону барф меборад. Бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 1 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 1 — 6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5 — 10 дараҷа сард шуда ва рӯзона то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳаво абрнок мешаваду борону барф меборад. Бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа гарм ва дар кӯҳсорон шабона 7 — 12 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барфу борон меборад. Бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 — 7 дараҷа сард ва рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва бориши барфу борон дар назар аст. Ҳаво шабона 3 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 5 дараҷа гарм мешавад.