ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ин қарордодро сардори Академияи ВУД ҶТсарлашкар Файзалӣ Шарифзода ва раиси Донишгоҳи ҳуқуқи ВУД Русия дар шаҳри Красноярск сарлашкар Игор Медведев имзо карданд.
Ин санад дар раванди сафари намояндагони Донишгоҳи ҳуқуқи ВУД Русия ба Тоҷикистон имзо шуд, ки дар чорчӯби иҷрои Қарордоди омодасозии коршиносони умури дохилӣ (пулис) ва нерӯҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз 25 маи соли 2007 ва Қарордоди ҳамкорӣ миёни ВУД ҶТ ва ВУД Русия аз 21 августи соли 2007 баргузор шуд.
Раҳбарони омӯзишгоҳҳои олии итнизомӣ дар ин дидор Қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи омӯзишу пажӯҳиш миёни Донишгоҳи ҳуқуқи ВУД Русия ва Академияи ВУД Тоҷикистонро имзо карданд.
Донишгоҳи ҳуқуқи ВУД Русия дар шаҳри Красноярск ягона омӯзишгоҳи вижа дар ҷаҳон аст, ки коршиносони мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро омода мекунад.
Ҳамакнун дар ин донишгоҳ 29 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунад.