ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Хабари кушта шудани раисҷумҳури пешини Яманро сухангӯи ҳусиҳо Яҳё ал-Маҳдӣ эълом кард.
Гуфта мешавад, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар худраве зиреҳӣ аз Санъо берун мерафта, ки кушта шудааст. Ҳамроҳ бо ӯ муовинаш Ориф Зуко ва Ёсир ал-Авозӣ, дабиркулли Ҳизби конгреи миллӣ низ ҷон бохтаанд.
Ҳануз дар бораи иллату чигунагии кушта шудани онҳо хабаре мунташир нашудааст.
Усома Сорӣ, рӯзноманигори яманӣ бо тайиди ин хабар гуфтааст, қарор буд, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз фирор ба Иморот мунтақил шавад.
Манобеи хабарӣ ҳамчунин эълом карданд, манзили ӯ дар даргириҳои имрӯз дар Санъо оташ гирифтааст.
Пойтахти Яман дар рӯзҳои ахир шоҳиди даргириҳое миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман бо нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии вобаста ба ҷунбиши "Ансоруллоҳ" будааст. Ин даргирӣ дар Яман аз соли 2014 то кунун идома дорад.
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз соли 1990 то соли 2012 раисҷумҳури Яман буд.