ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тоҷикистон нахустин бор мизбони Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират мешавад, гузориш медиҳад равобити умумии Созмони байналмилалии муҳоҷират.
"Маросими ифтитоҳи намоиши филмҳои ҳунарӣ ва мустанад дар чорчӯби Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират 5 декабр дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад", — гуфта мешавад дар иттилоъияи СБМ, ки баргузоркунандаи он аст.
Созмони байналмилалии муҳоҷират ин ҷашнвораро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон баргузор мекунад, ки ҳар сол 18 декабр баргузор мешавад.
Дар чорчӯби ин ҷашнвора 4 филм намоиш дода хоҳад шуд, ки масоилу мушкилоти муҳоҷирон ва ҳамчунин саҳми арзишмандеро, ки муҳоҷирон дар рушду тавсеъаи кишварҳои худ ва хориҷӣ мегузоранд, ба тасвир кашидаанд.
Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират дар Тоҷикистон то 18 декабр идома хоҳад дошт ва филмҳо ройгон намоиш дода мешаванд.
Ин ҷашнвора имрӯза дар беш аз 100 кишвар дар саросари ҷаҳон баргузор мешавад. Филмҳои ҳунарӣ ва мустанади ҷашнвораи кор ва зиндагии рӯзмараи муҳоҷиронро бозтоб медиҳанд.