Русия омода аст аз раванди сулҳ дар Афғонистон пуштибонӣ кунад

© SputnikАлександр Мантыцкий
Александр Мантыцкий - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Сафири Русия дар Кобул Александр Мантитский дирӯз, 3 декабр бо раиси Шурои олии сулҳи Афғонистон Муҳаммадкарим Халилӣ дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дар ин дидор бар зарурати пуштибонии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз раванди сулҳ дар ин кишвар таъкид шудааст.

Сафири Русия таъкид кард, ки Маскав омода аст дар раванди оштӣ додани мухолифон бо давлати Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар дидори дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев ва мушовири амниятии раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммадҳаниф Атмар бар ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо ДОИШ таъкид шуда буд.

Американские военнослужащие в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Афғонистон: Амрико бояд аз дурӯғҳояш шарм дорад

Дар он дидор, ки 23 ноябр дар Маскав баргузор шуд, Николай Патрушев ва Муҳаммадҳаниф Атмар роҳу чораҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ, мубориза бо теруризм ва ҳамкориҳои фаннӣ — низомиро баҳсу баррасӣ карданд.

Атмар дар ин дидор хостори ройзании раҳбарони созмонҳои амниятиву иттилоъотии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Пеш аз он Муҳаммадашраф Ҳайдарӣ, раиси Идораи умури сиёсӣ ва барномарезии роҳбурдии ВУХ Афғонистон, дар сафараш ба Маскав аз давлати Русия хоҳони кумакҳои низомӣ, ирояи хадамоти таъмиру нигаҳдории ҷангафзорҳо ва омӯзиши кормандони нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0