ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ин тавофуқномаро Толкунбек Абдигул, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ва Аскар Мамин, муовини нахуствазири Қазоқистон, чанде пеш дар Остона имзо карданд.
"Бар асоси ин тавофуқнома, гузаргоҳҳои марзии ду кишвар аз 3 декабр дар ҳолати оддӣ фаъолият хоҳанд кард", — гуфт сухангӯи давлати Қирғизистон Чингиз Эсенгулов.
Сафари муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона дар паи дидор ва музокираи Сооронбай Жээнбеков ва Нурсултон Назарбоев, сарони кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон сурат гирифт, ки дар ҳошияи иҷлоси ахири сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Минск бо ҳам дидор карда буданд.
Таниш дар равобити Қазоқистон ва Қирғизистон пешинае дерина дорад, вале дар замони раёсатҷумҳурии Алмосбек Отамбоев ташдид ёфт.
Чунончи, дар паи иттиҳомоте, ки Отамбоев ба Назарбоев зада буд, 10 октябр Қазоқистон гузори мардум ва коло дар марз бо Қирғизистонро маҳдуд кард, ки роҳбандии мусофирону худравҳои борбарро дар ду сӯи марз дар пай дошт. Қирғизистонро ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи иқтисоди Уросиё аз Қазоқистон шикоят бурд.