ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ДМТ, раиси Донишгоҳи миллӣ Муҳаммадюсуф ва Донишгоҳи давлатии дорусозии Перм Алексей Туришев роҳҳои густариши ҳамкориҳои илмиву омӯзишии ду донишгоҳ дар заминаи дорусозӣ, омодасозии коршиносон ва табодули устодону донишҷӯёнро баррасӣ карданд.
Дар паи ин мулоқот ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳо созишномаи нав имзо карданд.
Раиси Донишгоҳи дорусозии Перм ҳамчунин дар ҳамоиши илмии "Тамоюлот ва дурнамоии рушди дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ширкат ва суханронӣ кард аз дастовардҳои дорусозон дар Русия ва ҷаҳон гуфт.
Дар ин ҳамоиш масоили назорат бар кайфияти доруҳо дар Тоҷикистон, иҷрои сиёсати давлатии ҶТ дар заминаи дорусозӣ, корбурди равишҳои иқтисоду мудирияти доруҳо (фармакоэкономика) дар амалияи тандурустӣ, самтҳои асосии баҳрагирӣ аз дастгоҳҳои савонигорӣ (хроматографӣ) дар пажӯҳишҳои пешдармонӣ ва дармонӣ, таҳлилҳои химикӣ ва заҳршиносӣ (токсикологӣ) ва дигар мавзуъҳо баррасӣ ва баҳс шуданд.