ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар асоси маълумоти Созмони обуҳавошиносии ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар, ки аз санаи 2 декабр дар ҷумҳурӣ якбора пастшавии ҳарорати ҳаво боридани боронҳои шиддатнок ва барф дар назар дошта шудааст, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти шиддатнок пешгӯи карда мешавад. Пастшавии ҳарорати ҳаво рӯзона —2-30 дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-50 хунукӣ дар назар дошта шуда, то санаи 6 декабр боқӣ мемонад.
Хотиррасон карда мешавад, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад, фаромадани туман аз эҳтимол дур нест, инчунин аз ҳисоби тағйирёфтани ваъи обу ҳаво яхбандиҳо ба вуқӯъ омаданашон аз эҳтимол дур нест.
КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо касоне, ки мехоҳанд ба сафар бароянд, мошинҳои худро бо таҷҳизоти зарурии мутобиқ ба шароитҳои бориши барф таъмин созанд, яъне чархҳои автомошинаҳои худро ба чархҳои зимистона иваз намуда, занҷирпеч намоянд, бо худ занҷирҳои эҳтиётӣ бигиранд, ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо басо зарур аст, ки фосилаи ҳаракати мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд, ҳаёти худ ва ҳамроҳони худро зери хатар нагузоранд!
Кумита тавсия медиҳад, ки муваққатан аз сафар намудан тавассути мавзеъҳои осебпазир, тариқи минтақаҳои кӯҳӣ, инчунин аз қабили корҳои шикор ва ҷамъ намудани ҳезум худдорӣ намоянд.