Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз осорхонаи ҶБВ дар Минск ба Душанбе баргашт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Белорус анҷом ёфт. Раисҷумҳур баТоҷикистон баргашт

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск аз осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши экспонатҳои таърихии онро тамошо карда, дар интиҳои боздид дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чи бештари Ҷумҳурии Белорус ва саодатмандии мардуми ин кишвар соядаст гузошт.

"Бо ҳамин сафари кории кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид",- омадааст дар хабар.

Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Белорусро ба Тоҷикистон даъват кард

Баъди иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва анҷоми сафари корӣ роҳбари давлат аз Белорус ба Тоҷикистон баргашт, гуфта мешавад дар хабар.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Минск бо Александр Лукашенко мулоқот кард ва оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус чанд санади нав ба имзо расонид.

Лентаи хабарҳо
0