Шаҳрдории Душанбе ба ронандагон: ба тоза кардани роҳ халал нарасонед

© Фото : Innovative Road SolutionsДорожная техника ликвидирует последствия схода снежной лавины в Таджикистане
Дорожная техника ликвидирует последствия схода снежной лавины в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рӯзҳои аввали зимистон боришоти барфу борон дар назар дошта шудааст. Аз ҳамаи меҳмонону сокинон бо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиётиро дар ҷойҳои номуайян ва истгоҳҳо нагузоранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе дар бастагӣ ба оғози фасли зимстон ва сар шудани мавсими боришоти барфу борон аз ронандагони пойтахт дархост кардааст, ки худравҳояшонро дар ҷойҳои муаян гузоранд, то ба тоза кардани роҳо монеа эҷод накунанд.

Пештар Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз рӯзҳои аввали зимистон дар кишвар бориши барфу борон  дар назар аст.

Ҳамин тавр, шаҳрдории Душанбе ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки дар ин айём ба тоза кардани роҳ халал нарасонанд.

"Шаҳрвандони муҳтарам! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо назардошти он, ки рӯзҳои аввали моҳи декабр дар пойтахт боришоти барфу борон дар назар дошта шудааст, аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати фаъолияти бемонеаи техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳ ва дигар ҷойҳои номуайян, бахусус истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нагузоранд",- омадааст дар муроҷиатномаи шаҳрдорӣ.

Шаҳрдорӣ афзудааст, нақлиёте, ки дар ҷойҳои номуаян таваққуф мекунад, дар тоза кардани роҳ монеа мешавад.

Лентаи хабарҳо
0