Қарори Шурои уламо: имрӯз дар масҷидҳои Тоҷикистон мавлуди Муҳаммад (с) таҷлил шавад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-Байрама в регионах России
Празднование Курбан-Байрама в регионах России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ муборакбод мегӯяд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор қабул карда, ки имрӯз дар тамоми масҷидҳои икшвар Мавлуди расули акрам Муҳаммад (с) таҷлил шавад.

"Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои кишвар баргузор мегардад. Имсол низ вобаста ба ин рӯйдоди фархунда Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он "ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми декабри соли 2017 қайд карда мешавад", — омадаст дар қарори уламо.

Раёсати Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ муборакбод мегӯяд.

Мусулмонони ҷаҳон ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди Муҳаммад (с) ҷашн мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0