Зимистон дар Тоҷикистон бо барфу борон оғоз мешавад: обуҳаво барои имрӯз

© SputnikВыпавший снег стал причиной серьезных пробок в Душанбе
Выпавший снег стал причиной серьезных пробок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 1 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрнок ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон ки имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон борида, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок, шабона дар ноҳияҳо ҳавои бебориш, рӯзона дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи наздикӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо тақрибан то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 12-17 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш ва дар охири рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 10-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар охири рӯз боридани борон пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0