ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар ин мусобиқа се шатранҷбози дигар — бузургустод В. Бурмакин ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Д. Оболенский аз Русия ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ А. Аҳмадов аз Қазоқистон низ 7,5 имтиёз ба даст овардаанд ва чун Д. Оболенский бартарӣ дошта, ғолиби ин мусобиқа эълон шуд, гузориш медиҳад "ТоҷикТА".
Бародари Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев — Мустафохоҷа низ дар ин мусобиқа 6 имтиёз ба даст овардааст.
Дар ин мусобиқа камобеш 100 шатранҷбоз, аз он ҷумла 7 бузургустод ва 28 устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва устоди варзиш, ширкат карданд. "Аз ин нигоҳ, метавон гуфт, ки натиҷаи ба даст овардаи шатранҷбози тоҷик комёбии назаррасест барои ӯ ва дар маҷмуъ барои шатранҷи Тоҷикистон", — ёдоварӣ кардааст ТоҷикТА.
Пас аз ин мусобиқа Муҳаммадхоҷа боз соҳиби 8,5 имтиёз гардид ва акнун дар радабандӣ бо 2459,5 имтиёз дар миёни шатранҷбозони тоҷик пас аз бузургустод Фаррух Амонатов дар мақоми дувум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин шоёни зикр аст, ки ин шатраҷбози боистеъдоди тоҷик порсол дар миёни шатранҷбозони Осиёи Марказӣ пирӯз гардида, ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта буд, ки ин ҳам баёнгари яке аз шатранҷбозони неруманди минтақа будани ӯст.