Як тоҷики бандӣ дар Русия барои ифротгароӣ 7 соли дигар зиндонӣ шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенный в колонии, архивное фото
Заключенный в колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин марди тоҷик аз моҳҳои январ то марти соли гузашта,ҳангоми адои ҷазо дар яке аз маҳбасҳои Русия зиндониёни дигарро ба сафи гурӯҳи террористии ДИ даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Додгоҳи низомии Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷурми фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир зиндонӣ буд, дар интишори ақидаҳои ифротӣ ва теруристии "Давлати исломӣ" (мамнуъ дар Тоҷикистон) муҷрим донист ва ӯро барои 7 соли дигар маҳкум ба ҳабс кард.

Бозҷӯён ва додгоҳ муайян кардаанд, ки ин мард дар моҳҳои январ то март дар зиндон ба дигар зиндониён наворҳои тундравонаро намоиш дода, мехостааст онҳоро ба ақидаҳои ифротӣ боварманд кунад. Афзун бар ин, ӯ чанд бор ба онҳо гуфтааст, ки ҷонибдори "Давлати исломӣ" аст, ки дар Тоҷикистон ва Русия қонунан гурӯҳи теруристӣ шинохта шуда ва мамнуъ шуда аст.

Ҳамзамон, ин табаҳкор қасд доштааст яке аз зиндониёнро ба ДОИШ бигароёнад.

Гуфта мешавад, ин марди тоҷикистонӣ ба ҳамҳуҷрааш маслиҳат додааст, ки ба Сурия рафта пас аз гирифтани таҷрибаи низомӣ дар сарнагун кардани ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ширкат кунад ва пас аз баргаштан амали теруристиашро дар Русия идома диҳад.

Додгоҳ далоили пешниҳодкардаи бозҷӯёнро баррасӣ карда қарор баровардааст, ки ҷурми ин шаҳрванди Тоҷикистон пурра собит шуда ва бар муддати зиндонияш 7 соли дигар афзудааст.

Лентаи хабарҳо
0