ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ карда, ки имрӯз ҳаво дар кишвар то 5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 14-19 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Бино ба додаҳои ҳавошиносӣ, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда ва абрноки бебориш буда, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-4 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш буда, дар бархе аз ноҳияҳои кӯҳистонӣ борон ва барф хоҳад борид. Бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок ва бебориш ва дар бархе аз ноҳияҳои кӯҳдоман боридани борон ва барф пешбинӣ мешавад.
Бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.