Раиси Бонки миллӣ мушаххас нагуфт, ки бонкҳо кай қарзи муштариёнро бозпас медиҳанд

© Sputnik / Амир Исаевраиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз нади вакилони маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳисобот дод

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода пурсиданд, ки мушкилии байни муштариёну чанде аз бонкҳои Тоҷикистон кай ҳалли худро пайдо мекунад.

Бино бар иттилои расонаҳои Тоҷикистон, ба ин суоли вакилон раиси Бонки миллӣ посухи мушаххас надода, танҳо гуфтааст мушкилот давра ба давра ҳал мешавад.

Ба қавли ҷаноби Нурмаҳмадзода, танҳо тӯли ду моҳ "Агроинвестбонк" ба амонатгузорони худ беш аз 61 млн. сомонӣ ва "Тоҷиксодиротбонк" — 54 млн. сомонӣ маблағҳояшонро баргардонидаанд.

"Муштариёне, ки дар ҳисобашон то 500 доллар маблағ доштанд, пулҳояшонро бозпас гирифтанд",- қайд кардааст вай.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, айни ҳол бонкҳои зикршуда ба саҳмгузоронашон наздики 50 фисади маблағҳояшонро бар нагардонидаанд.

Тибқи маълумоти раиси БМТ, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон аҳолии кишвар ба бонкҳо 470 млн. сомонӣ маблағ гузоштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз камтар аст.

Лентаи хабарҳо
0