Додгоҳи Олии Юнон наҳзатии боздоштшударо ба Тоҷикистон пас надод

© Фото : Мирзорахим КузовМирзорахим Кузов, член Высшего и Исполнительного советов ПИВТ
Мирзорахим Кузов, член Высшего и Исполнительного советов ПИВТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Олии Юнон Шоҳнаъим Карим, узви Раёсати Олӣ ва узви Шурои иҷроии ҲНИТ-ро, ки Интерпол боздошт карда буд, ба Тоҷикистон истирдод накард

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҶТ қонунан мамнуъ шудааст, бо интишори баёнияе эълом карда, ки Додгоҳи Олии Юнон Мирзораҳим Кузов маъруф ба Шоҳнаъим Каримро озод кардааст.

"Додраси Додгоҳи Олии Юнон бо ҳайъати мушовара далелҳои пешниҳодии Ҳукумати Тоҷикистонро беасос ва сиёсӣ дониста, далелҳои пешниҳодии вакилони дифоъ ва шоҳидонро қонеъкунанда донист ва ҳукми озодии Кузовро содир намуд", — гуфта мешавад дар ин баёния.

Додгоҳи Олии Юнон Мирзораҳим Кузовро аз толори додсаро озод кардааст.

Шоҳнаъим Каримро, ки узви Раёсати Олӣ ва узви Шурои иҷроии ҲНИТ аст, Интерпол ё Пулиси байналмилал 9 октябр дар фурудгоҳи шаҳри Афина — пойтахти Юнон боздошт карда буд.  

Чанде пеш сарлашкар Абдуғаффор Азизов, раҳбари Дафтари миллии Интерпол дар ВУД ҶТ, эълом карда буд, ки 6 тан аз аъзои фаъоли ҲНИТ дар кишварҳои урупоӣ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуданд.

ҲНИТ дар ин баёния ин иддиъоро радд карда ва гуфта "он воқеъият надорад".

Лентаи хабарҳо
0