ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба бонувони тоҷик тарҳҳои сарулибоси тавсиявӣ пешниҳод мешавад, дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон гузориш доданд.
Гуфта мешавад, "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон"-ро се ниҳод — Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон омода кардаанд.
Интизор меравад, ки агар Ҳукумати ҷумҳурӣ ин дастурамалро ба тавсиб расонад, тарҳи он моҳи оянда мунташир мешавад.
Як намояндаи Кумитаи занон гуфтааст, ин дастуруламал ба бонувону духтарони аз 7 то 60-сола чӣ гуна пӯшидани "либоси миллӣ"-ро тавсия медиҳад.
Ба қавли Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули Кумитаи занон, дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад.
Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.
Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.