ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон хабар дод, зодрӯзи мутафаккири шаҳир Аҳмади Донишро ҷашн мегирад.
Бино бар иттилои манбаъ, бо ибтикори президенти ФУ 8 — уми декабри соли равон, соати 10: 00 дар толори раёсати ФУ бахшида ба 190-солагии Аҳмади Дониш мизи мудаввар баргузор мешавад, ки дар он муҳаққиқони осори мутафаккир ширкат намуда, бе маърӯзаҳои илмӣ бо ҳам музокира ва муҷодила хоҳанд кард.
"Аҳмади Носируддин, ки бо тахаллуси Дониш маъруф мебошад, аз зумраи он мутафаккиронест, ки имрӯз низ ҷиҳати таҳқиқи осори ӯ баҳсҳо вуҷуд доранд. Бинобар риоя ва татбиқи фарҳанги музокираҳои илмӣ алҳол зарурати ташкил намудани мизҳои мудаввар пеш омадааст, ки дар онҳо муҳаққиқон ғайричашмдошт бидуни маърӯзаҳои илмӣ бо ҳамдигар баҳсҳои олимона барпо менамоянд",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.
Аҳмад Маҳдуми Дониш — яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.
Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 — 1843 ба мадраса дохил шудааст.
Аҳмади Дониш соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад.. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад.
Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 — 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Ӯ соли 1897 дар Бухоро вафот кардааст.