ВУД: як ронандаи ҷавон дар Душанбе дар натиҷаи садама ҳалок шуд

© Sputnik / Владимир ВяткинМерседес, архивное фото
Мерседес, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомназар Худойназаров аз ӯҳдаи идораи автомобил баромада натавониста, ба садама дучор шудааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе як ронандаи 25-сола дар натиҷаи сонеҳаи нақлиётӣ кушта шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 28-уми ноябр дар наздикии "Гимнизияи хусусии Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе рух додааст.

"Ронандаи худрави "Мерседес-Бенс" Эмомназар Худойназаров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдаст",- гуфта мешавад дар хабар.

Бино бар иттилои ВУД, Худойназаров дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0