ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Обуҳавошиносон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Созмони ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 29 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барф дар назар дошта шудааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 13-18 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.