Дилшод Восиев севум бор беҳтарин нишонзани Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дониста шуд

© Фото : Федерация футбола РТНападающий душанбинского «Истиклола» и национальной сборной страны Дилшод Восиев, архивное фото
Нападающий душанбинского «Истиклола» и национальной сборной страны Дилшод Восиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилшод Восиев дар мавсими имсолаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ бо 16 тӯби ба ҳадафрасонидааш беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ӯ қаблан солҳои 2012 ва 2014 беҳтарин нишонзан гардида буд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дилшод Восиев, ҳамлагари бомаҳорати дастаи футболи "Истиқлол" аз Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори сеюм беҳтарин нишонзани Қаҳрамонии Тоҷикистон дониста шуд.

Ба гузориши Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар бозие, ки дастаи футболи "Истиқлол" бар дастаи футболи "Ҳосилот" аз Фархор бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, Дилшод Восиев тавонист се гол ба ҳадаф расонад. Натиҷаи мазкур ӯро дар феҳристи нишонзанҳо аз ҳамдастааш Манучеҳр Ҷалилов пеш гузаронд.

Дилшод Восиев дар мавсими имсолаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ бо 16 тӯби ба ҳадафрасонидааш беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ӯ қаблан солҳои 2012 ва 2014 беҳтарин нишонзан гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0