Узбакистон бо Афғонистон ҳам роҳҳои ҳавоиро боз мекунад

© Пресс-служба президента ТатарстанаМеждународный аэропорт Ташкента
Международный аэропорт Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввалин парвоз аз Кобул ба Тошканд 29-уми ноябр сурат мегирад. Интизор меравад, ки парвозҳоро ширкати афғонӣ анҷом диҳад. Аммо ҳануз басомади парвозҳо мушаххас нашудааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Узбакистон ва Афғонистон бори аввал дар таърих робитаҳои ҳавоиро ба роҳ мемонанд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Бино бар иттилои манбаъ, аввалин парвоз рӯзи чоршанбе, 29 ноябр соати 09:00 сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, парвозҳои байни кишваҳоро ширкати афғонии "Kam Air" анҷом медиҳад.

Аммо манбаъ тавзеҳ надодааст, ки парвозҳо ҳафтае чанд маротиба амалӣ мешаванд.

Коршиносон гуфтаанд, ба роҳ мондани парвозҳо байни Афғонистон ва Узбакистон имкони рушди муносибатҳои ду кишварро бештар хоҳад кард. Илова бар ин, боз кардани робитаҳои ҳавоӣ бо Афғонистон ба Узбакистон имкон медиҳад, ки ҳамчун кишвари транзитӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ хидмат кунад.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати миллии "Ӯзбекистон ҳаво юлларӣ" нархи билети парвози Тошканд — Душанбе — Тошкандро арзон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0