ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Иванаи чехиятабор, ҳамсари собиқи раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо радиои Ирландия дар бораи номзадии дубораи Доналд Трамп барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфтааст, ки вай тавони идораи кишварро надорад.
"Доналд Трамп ба хушгузаронии бештар аҳаммият медиҳад ва тавоноии идораи Амрикоро надорад", — таъкид кардааст Ивана Мария Трамп.
Ивана моҳи пеш низ дар суханоне ҷанҷолӣ гуфта буд, ки ҳамчунон бонуи аввали Амрикост, ҳол онки ин унвони расмӣ ба Мелания Трамп, ҳамсари кунунии Трамп ихтисос дорад.
Дафтари Мелания Трамп бо интишори баёнияе ин изҳори назари Иванаро сару садои худхоҳона хонда буд.