ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Далер Мерганов — як масъули дафтари матбуотии ширкати IRS мегӯяд, мушкилие, ки рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба миён омад, пурра бартараф шудааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Мерганов, аслан роҳи Душанбе — Чаноқ баста нашуда буд, аммо муддати кӯтоҳе ҳаракат воситаҳоии нақлиёти боркаш мамнуъ шуд.
"Роҳи Душанбе-Чаноқ аслан баста набуд. Камтар танбашавӣ ба вуҷуд омад, ки шуруъ аз дируз пурра бартараф шуд ва ҳоло ягон мамоният вуҷуд надорад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи масъули ширкат далели танбашавӣ ҳаракати бидуни омодагии бархе аз ронандагон будаст.
"Баъзе ронандагон ба саросемагӣ роҳ дода, муқобили ҳаракати роҳ баромаданд. Дар натиҷа дар наздикии нақби "Истиқлол"танбашавӣ ба вҷуҷуд омад. Мо якҷоя бо кормандони БДА ба хулоса омадем, ки барои чанд муддат ҳаракати нақлиёти гаронвазнро боз дорем",- мегӯяд ӯ.
Далер Мерганов афзуд, пас аз ду се соати танбашавӣ мушкилиҳо бартараф карда шуданд ба воситаҳои баркаш низ имконяит фароҳам оварда шуда, ки ҳаракат кунад.
Ин масъул дар анҷоми сӯҳбат таъкид кард, "кормандони ширкат дар бо фаро расидани фасли сармо ба ҳамдигарфаҳмии ронандаҳо умед дорад ва дар ҳолати риоя шудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кӯшиш мекунанд, ки рисолати худро сари вақт иҷро кунанд".
"Мо бо ронандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем, ки дар фасли зимистон қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, дигар ширкат имконияту қудрати нигаҳдории роҳро дар сатҳи баланд дорад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ҷаноби Мерганов ронадаҳо хусусан дар фасли зимистон бояд ба роҳ бо омодагии пурра бароянд, то боиси эҷоди мушкилӣ нашаванд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Тоҷикистон рӯзи гузашта хабар доданд, ҳаркат дар қисме аз шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ аз шоми 26-уми ноябр, пас аз боришоти барфи аввал дар Тоҷикистон, муваққатан қатъ шуд.