ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар бораи раисҷумҳури кишвар нахустин асари театрӣ таҳия шуд, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, нависандаи пйеса тарҷумон ва драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор аст. Гуфта мешавад, ин асари театриро нашриёти "Адиб" бо теъдоди 1000 нусха мунташир кардааст.
Гуфта мегшавад, муаллиф, ки ширкаткунандаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди панҷ соли он яке аз муаллифони асосии сабқати телевизионӣ ба ифтихори ба имзорасонии Созишномаи истиқрори сулҳ буд, кӯшиш ба харҷ додааст, ки мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашад.
"Пйеса як марҳилаи таърихи муосири Тоҷикистон — аз рӯзи 19 ноябри соли 1992, яъне ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то моҳи октябри соли 1997 — ро инъикос кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Чанде пеш овозхони мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова бо Шабнам Сурайё, Фарзона Хуршед ва Фаридун Хуршед бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16 Шурои Олии Тоҷикистон ҳамсароии нави худро бо номи "Пешвои миллат" пешниҳод карда буданд.