ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе "бо мақсади ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои ношоиста даст задани насли наврас чорабиниҳои мақсаднок баргузор шуд".
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми ноябр дар натиҷаи ин гуна чораандешиҳо, аз тарафи кормандони милитсия дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерии "Патриот", "Гугул" ва "AMG" як гурўҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба бозиҳои компютерии хусусияти зўроваридошта машғул буданд, дастгир ва ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сомонӣ дастрас карда шуданд.
"Зимни баргузории ин гуна чорабинии мақсадноки пешгирикунанда, аз тарафи кормандони милитсия як гурўҳ донишҷўёни Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дастрас гардиданд, ки дар вақту соати дарсӣ дар марказҳои интернетӣ ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ машғул буданд",- омадааст дар гузориши ВУД.
Манбаъ меафзояд, чораандешии мазкур, бо мақсади таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амалӣ карда мешавад.
"Ҳамин тавр ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор шудааст. Аз ҷумла, наврсаони зиёд рўзона беназорат дар кўчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегардад, машғул мешаванд",- менависад дафтари матбуот.
Гуфта мешавад, нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ, чораҳои муассир андешида шуданд.
Аз волидони хоҳиш карда шудааст, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад.