Зимистон омад: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 5 дараҷа сард мешавад

© AP / Olga TutubalinaГосударственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото
Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 28 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 6-1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 16-21 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш ва дар баландкӯҳҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0