ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бино ба додаҳои ҳавошиносон, ҳаво дар саросари қаламрави Тоҷикистон абрнок буда ва борону барф хоҳад борид. Пешбинӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво имрӯз то 10 — 12 дараҷа пойин шавад.
Ҳавошиносон пешбинӣ кардаанд, ки имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар водиҳо боридани борон ва дар кӯҳсорон борону барф борида, бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва бориши борону барфро пешбинӣ кардаанд. Бод аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳавои абрнок, боридани борону барф, (баъзан бошиддат) дар назар дошта шудааст. Бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0 — 5 дараҷа хунук ва рӯзона 4 — 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок буда бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 0 — 2 дараҷа сард ва рӯзона 7 — 9 дараҷа гарм мешавад.