ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти расонаии Вазорати умури хориҷии Русия, дар ин нишаст натиҷагирӣ шудааст, ки ҳар панҷ кишвар ин ду созишномаро пурра риоя ва иҷро мекунанд.
"Теъдоди нерӯҳои мусаллаҳ дар марз бо Ҷумҳурии Халқи Чин камтар аз ҳаддест, ки созишномаҳо муқаррар кардаанд. Барномаи бозрасиҳои мутақобил иҷро шуда ва мубодилаи иттилоъот миёни кишварҳо дақиқан бар пояи муқаррарот сурат мегирад", — гуфта шудааст дар иттилоъия.
Вазорати умури хориҷии Русия ёдоварӣ карда, ки созишномаҳое, ки дар солҳои 1996 ва 1997 дар Шонгҳой ва Маскав имзо шудаанд, ки ҳам аз рӯи чорчӯб ва ҳам аз рӯи муҳтаво дар равобити байналмилал ҳамто надоранд, омили муҳими таъмини суботу амният дар минтақа ва таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни панҷ кишвар ҳастанд.
Дар чорчӯби ин нишаст масоили ҳамкориҳои низомии дуҷониба ва чандҷониба миёни Тоҷикистон ва Чину Русия баррасӣ карда шуданд.
Қарор шуд, ки 38-умин нишасти Коргурӯҳ соли 2018 дар Остона баргузор шавад.
Чанде пеш дабири Шурои амнияти Тоҷикистон Абдураҳмон Қаҳҳоров бо ҳамтои русияш Николай Патрушев масоили ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва созмонҳои вижаи ду кишварро баррасӣ карда буд.
Ин дидор дар ҳошияи панҷумин нишасти солонаи дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав баргузор шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев чанде пеш аз Тоҷикистон боздид карда буд. Вай дар ин сафар бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор карда ва ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили амниятиро баррасӣ намуда буд.