Раҳмон Улмасов: тоҷикон метавонанд деҳаҳои Русияро обод кунанд

© Фото : из личного архива Рахмона УльмасоваРахмон Ульмасов, архивное фото
Рахмон Ульмасов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устоди Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ доктори улуми иқтисодӣ Раҳмон Улмасов бар ин бовар аст, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон метавонанд деҳаву рустоҳои вогузошташудаи Русияро дубора зинда кунанд

ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Устод Раҳмон Улмасов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, яке аз тарҳҳои муҳим барои ҳамкории Тоҷикистону Русия бозсозии дубораи деҳаву рустоҳои вайрону вогузошташуда дар он кишвар метавонад бошад.

"Захоири инсонии рустоҳои Русия ба поён расидаанд. Акнун шаҳрҳои хурд рӯ ба вайронӣ ниҳодаанд. Ман дар бисёре аз деҳистонҳои Русия будаам ва медонам, ки беш аз 20 ҳазор деҳаву русто "мурда" аст ва дар 10 ҳазор аз рустоҳо танҳо 5 — 7 кас зиндагӣ мекунад", — тавзеҳ дод вай.

Мухаббат Кимсанова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рақс дар рӯзи мотам: Қиссаи 22 соли муҳоҷирати Муҳаббат Кимсанова дар Русия

Ба гуфтаи вай, сиёсатмадорон ва дипломатҳо амалан ин мавзуъро баарсӣ намекунанд ва бисёре танҳо ба ин фикранд, ки чигуна ҷараёни муҳоҷиратро боз доранд. Бисёре ҳам аз афзоиши ҷараёни муҳоҷират дар ҳарос уфтодаанд ва намедонанд чи омилеол дар муқобилаш бигзоранд.

Аз ин рӯ, ин коршиноси умури муҳоҷират мегӯяд, ки Маскав бояд аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои дубора обод кардани рустоҳои худ истифода кунад.

"Биёед Созишномаи бозободонии рустоҳо миёни Тоҷикистон ва Русия имзо кунем. Дар ин замина баҳсу мунозира кунем, исторҳоямонро ҳамоҳанг кунем ва ба натиҷае бирасем", — даъват кард вай аз масъулини русӣ.

Вай ҳамчунин пешбинӣ кард, ки Русия ночор мешавад, дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодии худ, нерӯи кори ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷазб кунад .

Дар ин росто вай пешниҳод дод, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Русия системи омӯзишгоҳҳои фаннӣ — ҳирфаӣ ё ҳунаристонҳоро бозсозӣ кунад то барои кор дар шаҳрҳои русӣ корманд омода кунад.

Старик , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия шартномаи пардохти ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро омода мекунад

Ба гуфтаи Раҳмон Улмасов, бар асоси охирин гузоришҳо, акнун теъдоди тоҷикон дар Русия аз бархе аз ақвому милали дигар монанди қалмиқҳо, черкесҳо, яҳудиён ва кореяиҳо бештар шудааст ва дар оянда низ ин раванд рӯ ба афзоиш хоҳад гузошт .

Аз сӯи дигар, дар ояндаи наздик Русия барои тоҷикон ба унвони бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир боқӣ хоҳад монд .

Ин устоди Донишгоҳи русиву тоҷикӣ таъкид кард, ки ҳамакнун намояндагиҳои 60 донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба дунболи пазиришу эъзоми донишҷӯёни тоҷик ба Русия ҳастанд, то заминаи таъмини мутахассисро барои иқтисоди ин кишвар дар оянда фароҳам кунанд .

Лентаи хабарҳо
0