ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ ба ҳамлаи хунин ба яке аз масҷидҳои Миср ба раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сисӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо мардуми осоишта бар асари ҳамлаи золимона ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.
Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум менамоем ва бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ тақозо менамояд".
Дар анҷом раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамдардуии худро ба пайвандони фавтидагон баён карда, ба осебдидагони ҳодиса шифои комил хост.
"Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Миср изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", омадааст дар барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, рӯзи 24-уми ноябр дар шимоли Ҷумҳуриии Арабии Миср, дар яке аз масҷидҳои нимҷазираи Сино бар асари ҳамлаи хунин дастикам 235 тан кушта шуда, зиёда аз 100 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.