Ожонси мубориза бо фасод: милиса аз шаҳрванд пора гирифт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкНаручники на двери клети
Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муфаттиши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барои баррасии аризаи як шаҳрванди кишвар 300 доллар пора талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гузориш дод, ки дар вилояти Суғд муфаттише барои талаби пора аз як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, муфаттиши Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Суғд Қаҳҳор Пайғамбарқулов барои баррасӣ кардани аризаи як шаҳрванди кмшвар 300 долар ришва талаб кардааст.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Пайғамбарқулов Қаҳҳор Ҳасанович дар қаҳвахонаи «31» воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди аз шахрванд «А» гирифтани маблағи 300 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати Қаҳҳор Пайғамбарқулов аз рӯи моддаи 32 қисми 3 ва моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0