ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои Тоҷикистон, аз 20 то 23 ноябри соли равон дар Сингапур Олимпиадаи байналмилалии IMSO-2017 баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик низ ширкат карданд.
Гуфта мешавад, дар озмуни ҷаҳонӣ 486 нафар намояндагони зиёда аз 41 давлати дунё иштирок намуданд.
"Хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе дар ин санҷиши истеъдод фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд",- хабар додааст Вазорати маорифи ҶТ.
Аз ҷумла таълимгирандагони Муассисаи давлатии "Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе" Фаридуни Тоҷиддин ва Бурхвалӣ Қурбонов, ки бо роҳбарии омӯзгори ҷавон Равшан Каримов дар ин олимпиада аз фанни математика ширкат варзиданд, соҳиби ҷоизаҳо шуданд.
Хонандагони Литсейи №1-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе — Бурхвалӣ Қурбонов соҳиби медали биринҷӣ ва Фаридуни Тоҷиддин соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева чанде пеш дар барномаи "Удивительные люди" дар шабкаи телевизионии "Россия 1" ширкат карда ва бо тезҳушии худ мардумро шигифтзада карда буданд.
Ёсуман Исмонзода ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро дар зеҳнаш зарбу тақсим кунад.
Манижа Тошболтаева бо чашм суръати ҳаракати худравҳоро муайян мекунад, ки барои ин қобилияташ доварон ӯро "духтар-радар" унвон карданд.
Илова бар ин Ёсуман, Манижа ва дигар шогирдони ин омӯзишкадаи "Империя знаний" дар олимпиади байналмилалии риёзии зеҳнӣ дар Маскав 12 медол, аз ҷумла 5 медоли тилло, 5 нуқра ва 2 биринқӣ ба даст оварданд.
Шогирдони Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" дар озмуни ҳуши риёзӣ "GeniusKid-2017" дар шаҳри Маскав ҷои аввалро ба даст оварда ва Ҷоми озмуни тезҳуширо ба Тоҷикистон бурданд.