ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мудири корхонаеро барои пардохт накардани маоши як кормандаш дар тӯли 2 сол дастгир кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса 57-солаи сокини деҳаи Савноби ноҳияи Рушон, сардори корхонаи фермерии "Акташ"-ро ҳамчун гумонбар дар напардохтани музди меҳнат дастгир намуданд.
Номбурда, аз соли 2015 то ин ҷониб маоши корманди корхонаи фермерии "Акташ", марди 57-солаи ҳамдеҳааш, мусоҳиби хоҷагии фермерии мазкурро, ки маошаш дар як моҳ 590-сомонӣ ва ҷамъ ба маблағи 30 ҳазору 420-сомониро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.