ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Задухӯрди ду гурӯҳ ҷавонони маст бо куштор анҷом ётфт,- хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ҷанҷол ду гурӯҳ ҷавонони маст ширкат доштанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон буданд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар яке аз қаҳвахонаҳои назди метрои "Ботанический сад"-и Маскав рух додааст.
Тавре манбаъ қайд меканад, дар ин қаҳвахона панҷ тан шаҳрванди Узбакистон зодрӯзи худро ҷашн мегириафтанд. Дар столи дигар даҳ тан ҷавонон менишастанд ва истироҳат мекарданд.
"Ҳар ду гурӯҳ ҳам нӯшокии спиртии зиёд нӯшанд ва бо далоили номаълуме байни онҳо ҷанҷол ба миён меояд",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа як ҷавон аз гурӯҳи 10-нафара бо корд ба қафаси синаи ҷавони дигаре аз гурӯҳи шаҳврвандони Узбакистон зарба мезанад. Дар пайи ин ҷароҳати вазнин ҷавони 25-солаи узбакистонӣ дар бемористон вафот мекунад.
Тавре манбаъ қайд мекунад, ин ҳодиса охирҳои моҳи октябр рух дода будааст. Кормандони пулиси Маскав як ҷавони 25-солаи тоҷикро бо гумони куштори даст доштан дар ин ҳодиса бозлошт кардаанд. Бино бар ттилои манбаъ, ин ҷавон ба гуноҳаш иқрор шудааст.
"Ҷасади шаҳванди 25-солаи Узбакистон мурдахонаи бемористони Склифосовский нигаҳ дошта мешавад", қайд мекунад "360".