ВУД: дар Хуҷанд келини ҷавон хушдоманашро ба қатл расонид

© Marco / ZakКухонный нож
Кухонный нож - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Келин дар пайи муноқишаи бамиёномада, бо корде, ки дар даст дошта, се бор ба қафаси синаи хушдоманаш задааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи куштори хушдоман гузориш медиҳад, ки дар шимоли Тоҷикистон рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса зани 28-солаи сокини Хуҷандро дастгир кардаанд, ки дар куштори модари ҳамсараш гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ин зани ҷавон 21-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 08:30 бо хушдоманаш- зани 54 —солаи сокини Хуҷанд муноқиша мекунад.

Дар ҳамин ҳол, келин бо истифода аз корди дар дасташ буда, ба қафаси синаи хушдоманаш се маротиба зарба мезанад.

"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст",- гуфта мешавад дар гузориш.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0