Дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 30 кас қурбони балоҳои табиӣ шудааст

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 9 моҳи соли 2017 дар Тоҷикистон 89 маврид вазъи изтирории марбут ба табиат сабт шуда, ки дар онҳо 30 кас ҷонашонро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон дар гузорише амалкарди худро дар 9 моҳи соли 2017 таҳлил кардааст.

Бино ба додаҳои Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2017 дар Тоҷикистон 89 маврид вазъи изтирории марбут ба табиат сабт шуда, ки 21,3 дарсад аз он заминларза, 19,1 дарсад — сел, 19 дарсад — сангрезиш, 17 дарсад — ярчу тарма, 3,3 дарсад — заминлағза, 4,5 дарсад — тундбод ва 3,4 дарсад — барфу сармо будааст.

Гуфта мешавад, ки дар паи ин балоҳо 30 шаҳрванд ҷонашонро аз даст додаанд.

Ин ниҳод ҳамчунин гузориш дода, ки Кумита мардуми ноҳияи Лахшро, ки дар моҳҳои апрел ва майи соли равон аз заминлағза, заминларза ва сел осеб дида буд, бо масолеҳи сохтмонӣ, ғизо, дору ва корафзорҳои рӯзмарра таъмин кардааст.

Ифтитоҳи хонаҳо дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Дарвоз: осебдидагони сел соҳиби хонаҳои нав шуданд

Ҳамчунин барои бозсозии манзилҳои вайроншуда дар ин ноҳия 755 680 сомонӣ ё 14 ҳазор дулор ихтисос дода шуд. Ҳамчунин, хонаводаҳои осебдида 42,5 ҳазор сомонӣ ё 4,8 ҳазор дулор кумаки якбора дарёфт карданд.

Бино ба гузориши КАИ ҶТ, барои бозсозии манзилҳое, ки аз селҳои пайопай дар ноҳияи Дарвоз хароб шуданд, 33 ҳазор сомонӣ ё 3,5 ҳазор дулор ихтисос дода шуд ва 21 хона, дабиристон, дукон ва бунгоҳи пизишкӣ дар ин ноҳия бозсозӣ шудааст.

Дар ин муддат кормандони Кумита ҳамчунин 528 амалиёти ёрирасониву наҷотро анҷом дода, ҷони 186 касро аз хатар раҳонидаанд.

Кумитаи авзоъи изтирорӣ ҳамчунин гузориш додааст, ки дар ин муддат дар саросари кишвар 160 кас дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар ба ҳалокат расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0