Дар Душанбе таҷрубаи ҷаҳонии баҳрабардорӣ аз чарогоҳҳоро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкРамаи гӯсфандон. Акс аз бойгонӣ
Рамаи гӯсфандон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон нишасти ҳамасолаи байналмилалии чарогоҳҳо баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ба гузориши ТоҷикТА ба нақл аз ҳукумати Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ин нишаст табодули таҷрубаи байналмилалӣ аз истифодаи чарогоҳҳо дар миёни ширкаткунандагони тадбир мебошад.

Дар ин нишаст, ки 23 ноябр баргузор мешавад, намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносони бахши чарогоҳҳо, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ, намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат хоҳанд кард.

Демонстрация овощей и фруктов в Хатлонской области по случаю визита президента РТ - Sputnik Тоҷикистон
Намоишгоҳ-фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд

Ин нишаст барои табодули донишу таҷруба имконоти фаровон фароҳам хоҳад кард.

Чанд созмон ва тарҳи байналмилалӣ ин тадбирро барои нахустин бор дар сурати муштарак созмон медиҳанд. Тарҳи Бонки ҷаҳонӣ "Баҳрабардории пойдори бумзистӣ аз замин ва таъмини зиндагӣ дар рустоҳо" (ELMARL), тарҳи IFAD — "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо", тарҳи миллии мудирияти захоири обӣ (ACTED) ва Барномаи минтақаии Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) — "Баҳрабардории пойдор аз замин бо таваҷҷуҳ ба тағйири иқлим барои рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ" созмондиҳандагони нишаст ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0