Зимистон наздик аст: Ҳаво дар Тоҷикистон имрӯз нимаабриву бебориш аст

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикская осень
Таджикская осень - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 22 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ гардида, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 17-22 дараҷа сард ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мекунанд. Бод аз самти шарқ аз 3-8 то ба 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 сард ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0