ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Яке аз набераҳои духтарии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамсари набераи писарии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шудааст, навиштааст нашрияи интернетии Eurasianet.
Ин пайванди ҳамсарӣ афзун бар дигар далоил ба ду далел шоистаи таваҷҷуҳ аст. Яке ин ки бо ин пайванд намояндаҳои ҷануб ва шимоли Тоҷикистон хешованд шудаанд. Дувум далел — замону макони баргузории ҷашни арӯсиву домодии набераҳои раиси ҷумҳурӣ ва раиси вилоят аст.
"Бисёр намодин аст, ки ҷашни арӯсӣ 19 ноябр дар Қасри Арбоб баргузор шуда, ки дақиқан 25 сол пеш аз ин дар ҳамин замону макон Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб шуда буд", — гуфта мешавад дар ин матлаб.
Вале нашрия гуфта, ки ба далели нақши ғайри маъмулии маҳалгароӣ дар Тоҷикистон, пайвандҳои хешовандӣ миёни хонаводаҳои бонуфуз аз манотиқи гуногуни кишвар камтар баста мешавад ва ёдоварӣ карда, ки бисёре аз хешовандони сабабии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамшаҳриёни худаш, яъне аз вилояти пешини Кӯлоб, ё ба истилоҳ "кӯлобӣ", ҳастанд.
Аз ин рӯ, ин ҷашни арӯсӣ нахустин маврид аз пайванди хешовандии раисҷумҳур бо хонаводае аз вилояти Суғд аст, ки дар борааш иттилоъ ба даст омадааст.
Падари арӯс — Муҳаммадзоир Соҳибов, ҳамсари Фирӯза Раҳмонова, расман ҳеч мақоми давлатӣ ва расмӣ надорад, вале ӯро яке аз мушовирҳои калидии Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадрӣ ва равобити тиҷорӣ мешуморанд. Гуфта мешавад, ки ин домоди раисҷумҳур дорои нуфузи сиёсии чашмгир буда ва даромаде калон аз тиҷорати сигор ва зеварафзор андӯхтааст.
"Аҳолии вилояти Суғд зоҳиран аз ин заношӯӣ бисёр шод шуда ва гумон доранд, ки ин арӯсӣ ворезии маблағе бештар аз будҷаи кишвар ба суди вилоят ва худгардонии бештареро дар пай хоҳад дошт", — гуфта шуда дар ин матлаб.
Вилояти Суғд локомотиви иқтисоди Тоҷикистон шумурда мешавад. Дар ин вилоят бархе аз бузургтарин корхонаҳо, нерӯгоҳи барқобии "Қайроққум", Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойгир шудаанд. Бисёре аз суғдиҳо коркушоӣ ва корофаринӣ ва бозаргонӣ мекунанд.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ асаргузории "хуҷандиҳо" дар сиёсату иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба коҳиш оварду "кӯлобиҳо" ҷойгузинашон шуданд. Ин равандро дар Тоҷикистон "кӯлобизасия" мегуфтанд.
Аз миёнаҳои даҳаи 1990-ум бархе аз симатҳои муҳим, аз ҷумла нахуствазирӣ, ба суғдиҳо вогузор мешавад, ҳарчанд ин симат дар Тоҷикистон чандон мақоме надорад ва бештар намоишӣ аст. Эҳтимолан, пас аз арӯсии набераи Эмомалӣ Раҳмон бо набераи Абдураҳмон Қодирӣ ин вазъ амалан тағйир кунад ва раиси вилоят ҳам "баландпоятар" шавад.