Эрон пешниҳод карда, ки ҷашнвораи наврӯзии Тоҷикистон дар Шероз баргузор шавад

© AP / Ronald ZakФлаг Ирана, архивное фото
Флаг Ирана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои шаҳри Шероз - бародаршаҳри Душанбе, тарҳи баргузории ҷашнвораи наврӯзии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сулмоз Деҳқонӣ, узви Шурои шаҳри Шероз дар тавзеҳи ин тарҳ гуфта, ба далели муштаракоти фарҳангӣ, қавмӣ ва забонӣ миёни эрониён ва тоҷикон, баргузории намоишгоҳ ва ҷашнвораи наврӯзии Тоҷикистон дар Шероз муҷиби табодули фарҳанг мешавад ва имкони муаррифии шаҳри Шерозро фароҳам мекунад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: "даврони тиллоӣ" дар равобити Тоҷикистону Эрон тоза оғоз меёбад

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Деҳқонӣ афзудааст, ки ҳарчанд Шероз ва Душанбе солҳо боз бародаршаҳранд, аммо ин танҳо дар тафоҳумнома омада ва то кунун коре дар чорчӯби он анҷом нашудааст, ба ҳамин далел баргузории ин ҷашн аҳамияту зарурат дорад.

Узви Шурои шаҳри Шероз гуфт, метавон дар оянда ба Душанбе низ пешниҳод дод, ки мизбони гурӯҳе аз ҳунармандону аҳли фарҳанги шаҳри Шероз барои баргузор кардани ҷашн дар ин шаҳр бошад.

Ёдоварӣ мекунем, ки шаҳрҳои Шероз ва Душанбе расман 16-уми феврали соли 1992 бо ҳам бародаршаҳр шуданд.

Лентаи хабарҳо
0