Гумруки Тоҷикистон аз қочоқи 5 тонна ангишт аз Қирғизистон пешгирӣ кард

Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз вуруди қонуншиканонаи 5 тонна ангишт пешгирӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кормандони бахши Хадамоти гумруки ҶТ дар вилояти Суғд аз вуруди ғайриқонунии 5 тон ангишт аз Қирғизистон пешгирӣ карданд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, кормандони гумрук дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як худрави боркаши "ЗиЛ"-ро барои бозрасӣ боз истонданд, ки ҳангоми бозрасӣ дар он 5 тон ангишти тавлиди Қирғизистон ёфт шуд.

Соҳиби бор як шаҳрванди 32-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Вай гуфта, ки ангиштро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шаҳрванди қирғизтабор харидааст, ки барояш ошно набудааст.

Ин шаҳрванд муттаҳам ба нақзи Қонуни тахаллуфоти маъмурии Тоҷикистон шуда ва дар ин маврид парванда оғоз карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0