ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ронандаҳо мерасонад, ки дар роҳҳои кишвар амалиёти "Муоинаи фаннӣ" оғоз шудааст.
Бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, беҳбуди вазъи фаннӣ, ҷалби василаҳои нақлиётӣ ба муоинаи фаннии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо, Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ) аз 20 то 30 ноябри соли 2017 дар қаламрави кишвар амалиёти "Муоинаи техникӣ"-ро баргузор мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
"Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳми арзандаи худро гузоранд. Телефонҳо барои тамос: 235-45-45, 236-09-08",- омадааст дар хабари манбаъ.
Ёдовар мешавем, чанде пеш ниҳод эълон карда буд, ки дар торихи 25 ноябри соли 2017 аломатҳоии сабти давлатии силсилаи "ЕМ 01" ва "ВВ-07" ба таври музояда фурӯхта мешаванд.
Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.
"Нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад", — қайд гардидааст дар эълони ВУД.