Як марди хатлониро барои сиёҳ кардани шишаҳои трактор 3 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Обуна шудан
Дар рафти тафтишот муаяйн карда шуд, ки ронанда барои сиёҳ кардани шишаҳои трактор иҷозатнома надоштааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Як сокини вилояти Хатлонро барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои трактор ҷаримаи калон бастаанд. Тавре ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ӯ 3 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Дар вилояти Хатлон кормандони милиса рейд гузаронида автомашинаҳои шишаҳояшон сиёҳшударо  тафтиш карданд. Дар рафти ин рейд милисаҳо муайян кардаанд, ки як сокини вилояти Хатлон шишаҳои тракторашро сиёҳ кардааст, аммо барои он иҷозатномаи махсус надоштаст. 

Ба гуфтаи худи ронанда, вай шишаҳои тракторашро барои муҳофизат аз нури офтоб сияҳ карда буду мақсади вай пайравӣ ба "мода" набудааст.

Ба ҳар ҳол, ин ронандаи тракторро барои ғайриқонунӣ сияҳ кардани шишаи техникааш 3000 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0