ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар ноҳияи Восеъ марде дар ҳолати мастӣ ҳангоми шустани мошин фарзанди хурдссоли худро пахш кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 15:50-дақиқа, Иззатулло Давлатови 32-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, дар ҳолати мастӣ мехост дар манзили истиқоматиашон худрави бародарашро шустушӯ кунад.
Гуфта мешавад, дар ҳамин вақт автомашина ногаҳон ба қафо ҳаракат мекунад ва кӯдаки 2-солаи Давлтовро пахш мекунад.
Дар натиҷа кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорат гуфтааст, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.