Куртов: Душанбе ва Тошканд мехоҳанд марзро бе гузашт таъйин кунанд

Обуна шудан
Сардабири маҷаллаи "Масоили роҳбурди миллӣ" Аждар Куртов мегӯяд, ки Тоҷикистон ва Узбакистон мехоҳанд марзашонро бе гузашт ба якдигар аломатгузорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ин коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ дар мусоҳиба бо родю Sputnik гуфт, раванди аломатгузории марз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба раҳбарони ин кишварҳо сахт вобаста аст.

Вай таъкид мекунад, ки агар марз дақиқ мушаххас ва аломатгузорӣ нашуда бошад, ояндаи кишварҳо низ зери суол меравад.

Куртов: в Центральной Азии процесс установления государственных границ зависит от местных элит

Аждар Куртов ёдоварӣ мекунад, ки марзҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бахшбандии кишварии Иттиҳоди Шуравӣ боз мондаанд, вале ҳама камбудҳо дар ин марзбандиро набояд аз давлати шуравӣ донист.

"Дар бойгониҳо бисёр санаду мадрак боз монда, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки раҳбарони ҷумҳуриҳои шуравӣ Кремлро бо номаву дархост "бумбборон" мекарданд то ин ё он сарзаминро ба ин ё он ҷумҳурӣ вогузор ё пайванд кунанд", — гуфт Аждар Куртов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай тавзеҳ дод, ки ҳарчанд имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба марзу бум якдигар дастдарозӣ намекунанд, вале дар масъалаи аломатгузории марз намехоҳанд ба якдигар гузашт кунанд то пойгоҳашон дар заминаи сиёсӣ суст нашавад.

Аждар Куртов таъкид кард, ки муҳимтарин вазифа барои давлатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон расидан ин ҳадаф аст, ки сатҳи зиндагии шарҳвандони худро беҳбуд бахшанд. Вай бар ин бовар аст, ки кишварҳо дар таъйини марзу қаламрав бояд ҳамин аслро ба кор гиранд.

Лентаи хабарҳо
0