ФСБ Русия теруристҳои хориҷиро радабандӣ кард

Обуна шудан
Созмони амнияти федеролии Русия "додагон" ё пойгоҳеро омода карда, ки дар он иттилоъот дар бораи теруристҳои хориҷӣ гирдоварӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ин хабарро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз дар мулоқот бо донишҷӯёни Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард.

"Созмони амнияти федеролии Русия пойгоҳеро омода карда, ки дар он додаҳо дар бораи теруристҳои хориҷӣ гирдоварӣ карда шудаанд", — гуфт Сергей Лавров.

Сотрудники ФСБ России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ Русия як роҳи муҳоҷирати қонуншиканона аз Осиёи Марказиро баст

Чанде пеш хабар дода будем, ки кормандони нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Русия дар паи амалиёти бозҷӯӣ дар майдонҳои сохтусоз, бозорҳо ва бунгоҳҳои хадамотрасонӣ 10 гурӯҳаки созмонҳои теруристиро ошкор ва торумор карданд.

Вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев эълом карда буд, ки дар моҳҳои апрелу май 170 ҳазор манзил, беш аз 100 ҳазор ширкати сохтмонӣ, бозор ва дуконҳову бунгоҳҳои хадамотӣ бозрасӣ шуда ва дар натиҷа 10 гурӯҳаки созмонҳои ҳаросафкану тундрав ошкор ва нобуд карда шуд.   

Лентаи хабарҳо
0